АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Яке аз рукнҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар кишвар доштани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик, истиқлолият ва якпорчагии марзу буми Ватанро аз душманони ошкору пинҳон ҳифз менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки:

“Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд”

Тоҷикистон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар шароити хеле ногувори сиёсӣ қарор дошт, зеро ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он дар зери хатар буд. Бинобар ин 18 – уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор ба имзо расонид. Ҳаминтавр рӯзи 23-юми ферали соли 1993 якумин паради Артиши миллӣ дар пойтахти давлати навбунёди соҳибистиқлоли Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишварро, пеш аз ҳама ба зимаи ҷавонони баору номус ва ғаюру далери шуҷои Ватан бовар ва вогузор намуд. Чунон, ки ҷавонон медонанд, Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаби хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш ҷон нисор намудаанд.

Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки аз ҷониби Худованди меҳрубон барои мо ҳадя гардидааст. Мавриди қайд аст, ки Президенти кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ корҳоеро ба анҷом расонида тавонистанд, ки шоистаи таҳсину офарин мебошад.

Мо худ шоҳиди он будем, ки якчанд гурӯҳҳои бегона бо ҳамроҳии мухолифини тоҷик дар баъзе минтақаҳои кишвари мо амалиётҳои мухталифи ҷангӣ мебурданд. Онҳо мехостанд, ки аз минтақаи мо ба баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳамла намоянд. Аммо Президенти мамлакат ҳама ҷавобгарию вазниниро ба души худ гирифта, нагузоштанд, ки алангаи ҷанг ба ҳамсоякишварҳои мо паҳн гардад.

Имрӯз мо тоҷикон халқи хушбахтем, зеро Худованд ба мо чунин марди оқил ва дурандешро ба ҳайси Сарвар ва роҳнамо додааст. Бинобар ин, имруз бояд ҳар яки мо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таасуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунад.

Дар идома ва тасдиқи навиштаҳои боло мехоҳам шеъри (Ҷ.Б.В.-солҳои 1941-1945) Ҳабиб Юсуфиро пешкаши хонандагони арҷманд намоям, ки хеле ҷолибу таассуротбахш мебошад:

  Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
  Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.
  Ватанро бинозам, маро дар канор,
  Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
  Ватан ҷони ман ҳам ҷаҳони ман аст,
  Ватан боғи ман ҳам бӯстони ман аст…

Таманнои он дорам, ки бо қадами мубораки 31-солагии Рӯзи Артиши Миллӣ, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршарафи ватансозону меҳанпарастони Тоҷикистони азиз, ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳ равшантар гашта, рӯзгори халқи шарафманди диёрамон ҳамеша сарсабзу гулафшон боқӣ бимонад.

Рӯзи Артиши миллӣ муборак, ЭЙ ҲАМВАТАН!
ИКРОМӢ Н.Қ. – декани факултети молия ва қарзи ДБССТ

Previous

Next

Comments are closed.