Шарҳу тавзеҳи Паём дар ДБССТ

     Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 24-уми декабри соли равон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23-юми декабр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, баргузор шуд. Дар ҷамъомад муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДБССТ Исломбек Хоркашев, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Фатҳулло Ҷабборов, сардори раёсати таълим Фазлиддин Қодиров, сардори раёсати илм ва инноватсия Алимурод Бобоев, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Абдумаҷид Сафоев, мудири кафедраи иқтисодӣ ҷаҳон Баҳовиддин Ҷумъаев, мудири кафедраи менеҷменти донишгоҳи мазкур Таҳмина Каримова, устодону омӯзгорон ва донишомӯзони муассисаи олии таълимӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

    Исломбек Хоркашев зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ-назариявӣ иброз дошт, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд. Паёми имсола низ аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиошунавонӣ ба самъи сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз расонида шуд. Дар баробари дигар вазорату идораҳо раёсати донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён дастҷамъона Паёми Пешвои миллатро тамошо карданд. Президенти кишвар дар раванди ироаи Паём ҷиҳати рушди босуботи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ: саноат, энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот бар зиммаи масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд… Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ин ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ташкил ва гузаронида мешавад, ки дар он ба нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари кишвар ишора мегардад.

      Фатҳулло Ҷабборов зимни пешниҳоди маърӯзаи худ таҳти унвони «Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва вазифагузориҳои навбатӣ дар самти рушди иқтисодиёти мамлакат зимни ироаи Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат» гуфт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ман ҳамчун як барномаи таҳлилӣ, илмӣ, ояндасоз унвон мекунам. Тавре ҳамагон шоҳид будем, дар Паём, қабл аз ҳама, таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои 5 соли охир ва дар аксар ҳолатҳо, тӯли даврони соҳибистиқлолӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, бобати густариши иқтисодиёти сабз, рақамикунони иқтисодиёт, стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла, ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат андешаҳои илмӣ пешниҳод шуданд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки бо вуҷуди он ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад, соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд, зеро ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

       Фазлиддин Қодиров дар бораи «Масъалаҳои вобаста ба рушди сайёҳӣ дар меҳвари Паём» сухан ронда, тазаккур дод, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамеша мавриди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти кишвар қарор дорад. Пешвои миллат дар яке аз аввалин суханрониҳояшон, дар он вақте ки ба тараққиёти бахши сайёҳӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намешуд, оид ба масъалаи рушди соҳаи ҳаётан муҳим гуфта буданд, ки оғози асри 21 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз қабили истеҳсолоти энергетикӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, ҳамчунин, ибтидои рушди соҳаи сайёҳист. Дар Паёми имсола низ ба ин мавзуъ пардохта шуда, аз ҷумла, қайд гардид, ки дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад. Бо шуғли пурмаҳсул таъмин амудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст… Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд…

      Алимурод Бобоев зимни пешниҳоди маърузаи худ дар мавзуи «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад» зикр кард, ки Роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз дошта буданд: «Ҳеч як давлат ва ҷомеа наметавонад бе рушди соҳаи маориф ба пешрафту тараққиёти соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад». Дар ҳақиқат, соҳаи маориф аз соҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, пойдевори асосии ҳар як давлату ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф кӯшида, саҳми арзандаи худро гузорад. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дар бораи рушди соҳаи маориф,  татбиқи ҳадафҳо дар ин самт ва равнақи ояндаи фаъолияти он маълумоти муфид ва назарсанҷиҳо садо доданд. Аз ҷумла, тазаккур дода шуд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла, дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд…

       Абдумаҷид Сафоев дар маърузаи худ таҳти унвони «Ҷалби сармоягузориҳо омили муҳими рушди иқтисодӣ» зикр кард, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Дар Паём ба таври возеҳ қайд гардид, ки роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд. Тавре огаҳем, дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил дод…

     Дар идомаи ҷамъомад устодони донишгоҳ Баҳовиддин Ҷумъаев-«Саноатикунонии босуръати мамлакат дар меҳвари Паёми Пешвои миллат» ва Таҳмина Каримова-«Дастгирии занону бонувон бо ҳадафи ояндаи дурахшон» маъруза намуда, фикру андешаҳои худро доир ба мавзуъҳои болозикр баён намуданд.

Д. Аваззода,

Раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ

Leave a Comment