Иқтидори миллии ҳар як кишвар ба маориф, илм ва маърифати шаҳрвандони у вобаста мебошад. Мафҳуми маориф аз ҷамъи «маърифат» гирифта шуда, ба маънои шинохтан ва дарк кардан мебошад. Маърифат масдари мими ё калимаи «арафа» мебошад. Касоне, ки бо забони араби ошной доранд, медонанд, ки масдари мими ба маънои таъкид, пурқуввати ва зарурати шайро ифода менамояд. Аз ин хотир, «маърифат» ба маънои шинохти худи инсон аз олами ботинии инсон аст. Дар шакли дигар гӯем шинохти инсон дар асоси тафсири инсон аз ҷониби худи инсон аст, ки ин шинохт амри хеле зарури ва ҳатми буда, вожаи маориф, ҷамъи маърифат аст ва дар луғату фарҳангҳои тафсирӣ ба маъноҳои гуногун омадааст, ки яке аз маьнои истилоҳиаш раванди таҳсил, омӯзиш, донишазхудкуни ва пажуҳиши илмист.
Дар аксар ҳолатҳо сарварони сиёсии гузаштагони мо (шоҳону амирон) ба танпарварӣ машғул буда, бештари вақти худро ба ишратбозиҳо сипарӣ намудаанд. Масалан, агар мо ба омӯзиши соҳаи илм ва маорифи 200 сол пеш баргардем, мебинем, ки Аҳмади Дониш баъд аз сафарҳое, ки дар Русияи подшоҳӣ дошт, ислоҳоти куллиро дар соҳаи мактабу маориф пешниҳод намуд.
Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо хизматҳои нотакрори худ Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Бобоҷон Ғафуров, Зариф Раҷабов, Муҳаммад Осимӣ ва чанд тани дигар раванди ташаккулёбии мактабу маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро поягузори намудаанд. Вале дар баробари он боз саҳлангории зиёде аз ҷониби сарварони собиқ Иттиҳоди Шӯравй дар масалаи Тоҷикистон ба чашм мерасад, зарфиятҳои илмии ин миллат ба инобат гирифта нашуд.
Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ноумедона ба домани истиклолияти сиёсӣ чой гирифт, зеро ӯ бо 94% овоз ба боқи мондани Иттиҳоди Шӯравӣ умед дошт. Элитаи сиёсии он давра тағйирнопазир боқи монда буд, чун намехостанд тағйир ёбанд, ҳол он ки мавҷҳои тағйирёбии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба машоми баъзе аз соҳибназарон расида буд. Боз ҳамон анъанаи дерина дар бозсозӣ ва рӯзҳои аввали истиқлолият, яъне эҷоди монеҳо аз ҷониби сарварони сиёсии кишвар дар баробари ин боз омилҳои дигаре даст ба даст дода Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ сохт.Кишваре, ки дар буҷаи давлатии худ ҳадди ақал ба арзиши 10 ҳазор (доллар) сармояи давлати надошт. Баъд аз оғози гуфтушунид умеде бар дилҳо зинда гардид. Идомаи ин раванди музокирот дар натиҷа созишномаи сулҳ ва ризояти миллиро ба даст овард. Баъди созишномаи сулҳ аввалин коре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кард, рӯ овардан ба соҳаи маориф буд. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк намуда буд, ки то ин соҳаи муҳимми иҷтимоии мардум дуруст нагардад, наметавонад гиреҳҳо мушкилоти дигареро бикушояд. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди соҳаи маориф монеа гардид ва ҳисороти зиёд ба миён овард, вале сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба ин соҳа сол аз сол бештару беҳтар мегардад.Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар ин давра бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба вазорат муяссар гардид, ки дар кушодани муассисаҳои томактабӣ бо номи «Марказҳои инкишофи кӯдакон» муваффақ гардад. Ҳамзамон, ташкили боғчаҳо ва кӯдакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсилот мусоидат намуда истодааст.Маблағгузории ин муассисаҳо ҳамасола беҳтар гардида, дар соли 2010 ба 22,0 млн сомонӣ расонида шуд (соли 2000-ум 2,3 млн сомонӣ буд). Баробари таъсисёбии намудҳои нави муассисаҳои томактабӣ зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи муассисаҳои томактабӣ ба миён омад. Барои беҳтар намудани таъминоти методию таълимии соҳаи тарбияи томактабӣ 31 октябри 2005 таҳти № 395 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» қабул карда шуд. Дар доираи барномаи мазкур як қатор боғчаю кӯдакистонҳое, ки ғайриқонунӣ шахсӣ гардонида шуда буданд, пас гардонида шуданд ва ҳамзамон дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии муассисаҳои томактабӣ оғоз гардид. Зарурати тарбия ва таҳсилоти томактабиро ба ҳисоб гирифта Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ»-ро таҳия намуд, ки он 2 июни 2009 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Барои амалӣ гаштани ин стандарт як қатор тадбирҳо, аз ҷумла татбиқи барномаҳои ба мактаб омода намудани кӯдаконе, ки ба кӯдакистон фаро гирифта нашудаанд, дар назар гирифта шудааст. Бо ин мақсад дар назди мактабҳо гурӯҳҳои омодагӣ ташкил гардиданд. Мувофиқи ин барнома дар кӯдакистон марказҳои гуногуни омӯзиши хат, мусиқӣ, илм, рассомӣ, дӯзандагӣ, адабиёт, сохтмон ва ғайра ташкил шуда буд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар давраҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2011 ин нишондиҳанда 1 млрд 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба зинаи якуми мактабҳои олӣ дохил намудани мактабҳои миёнаи махсус» як қатор техникумҳо ба коллеҷҳои наздидонишгоҳӣ ва баъзе омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд.
19 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва муқаррар гардидд, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор гарданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) таъсис дода шуд. Аз соли 2015, дар баробари донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ворид карда шуд, қабули донишҷӯён ба ин муассисаҳо (донишгоҳу донишкадаҳо) тавассути низоми мазкур амалӣ карда мешавад. Ба ҳолати 20 июли соли 2022 дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо 128 827 омӯзгор дарс медиҳанд. Миқдори муассисаҳои томактабӣ бошад ба 696 мерасанд.
Дар робита ба рушди соҳаи маориф ба мавзӯи нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ чанд андешаҳо баён карда шуд. Пешвои миллат аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Гарчанде ҳоло омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар 5 сол як маротиба аз курси такмили ихтисос мегузаранд, аммо ба ин нигоҳ накарда рушди босуръати илму техника ва технологияи муосир аз ҳар омӯзгор тақозо менамояд, ки мунтазам барои баланд бардоштани сатҳи малакаву маҳорат ва касбияти хеш диққат диҳанд. Дар чунин шароит танҳо бо роҳи худтакмилдиҳӣ ва пайваста аз болои хеш кор намудан, ба ҳар омӯзгор имкон медиҳад, ки рисолати хешро дуруст анҷом дода, дар ҷомеа ва дар назди шогирдон обрӯву эътибори муайян пайдо намояд. Пешвои миллат ишора намуданд, ки баъзе омӯзгорон то ҳол аз рӯи конспектҳои давраи пеш дарс мегӯянд. Ин эроди Роҳбари давлат ба ҳамон омӯзгороне буд, ки то ҳол на танҳо бо маводу конспектҳои солҳои пешни, ҳамчунин бо методикаи замони гузашта дарс мегӯянд. Бехабар аз он, ки замони нав муносибати нави дарсгуиро талаб менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки низоми таҳсилоти кредитӣ ва замони имрӯз аз ҳар омӯзгор дараҷаи баланди фаъолнокиро талаб менамояд.
Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Ҳар чи қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳанд. Ҳавасмандкунии онҳо ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим муосидат менамояд. Омӯзгороне ки то вақти дарс ва ё баъди он ба савдову корҳои дигар машғул мешаванд ва бе омодагӣ ба дарс меоянд, он пастшавии сифати таълиму тарбия оварда мерасонад. Ва ё омӯзгоре ки ба хонандаву донишҷӯён самимӣ ва содиқона дарс намегӯяд ва ба ӯ сарчашмаи даромад назар мекунад, он ба раванди таълим халад ворид мекунад. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш таклиф намуданд, ки аз моҳи июли соли 2022 дар ҳаҷми 20% музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта шавад. Умед аст, ки чунин иқдому дастгирӣ заррае ҳам бошад ба беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгорон ва сатҳу сифати таълиму тарбия таъсир хоҳанд расонд.