Боиси қайд аст, ки тадбирандешиҳои раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон ва омӯзгорон, натиҷаҳои назаррасу судмандро ба бор овардааст.
Масоили мазкур дар ҳоле назаррас арзёбӣ мегардад, ки роҳбарони аксар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба тасмимҳои роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти таҳкими робитаҳои хориҷӣ ва ба ин васила ҷоннок намудани раванди ташкили табодули академии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, ташкили машғулиятҳо дар шакли ҳузурӣ ва онлайнӣ баҳои баланд медиҳанд.
Аз ҷумла, ректори Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон ҷаноби Чиннам Редди дар мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чунин ибрози андеша намуданд: “Тасмимҳои роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ дар минтақа ва ҷаҳон беназиранд”. Инчунин, ректори Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия Федулин Александр Алексеевич, ректори Донишкадаи идоракунии меҳмондории ба номи Шри Шактии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон доктор Анитра Чандра ҳавасмандии хешро дар бобати дастгирии тасмимҳои роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳри омодасозии кадрҳои баландихтисос дар ҳама соҳаҳо дар ҳузури намояндагони Донишгоҳ баён доштанд.
Боиси ифтихор аст, ки ташрифи намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон хуш пазируфта, ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо баён доштанд. Масъалаи мазкур аз ҷониби хабарнигорони маҳаллӣ дар рӯзномаҳои даврии шаҳри Ҳайдаробод бо забонҳои ҳиндӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.
Ҳамзамон, қайд намудан бамаврид аст, ки роҳбарияти Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории сатҳи баланди конфронси IV-уми муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор ба роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон “Сипоснома” ва ба намояндагони Донишгоҳ “Сертификат” тақдим намуд.