Дар идомаи сафари корӣ, санаи 8 марти соли 2023 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо муовини Президенти Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон мулоқоти судманд анҷом доданд.
    Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба оғози ҳамкориҳо байни муассисаҳо, махсусан дар самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, IT- хизматрасониҳо, бизнес-маъмуриятчигӣ ва амсоли инҳо дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) муҳокима ва баррасӣ гардиданд.
  Дар баробари ин, вобаста ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, интиқоли дониш, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии олимону муҳаққиқон байни ҷонибҳо гуфтушунид сурат гирифт.
     Ҳамзамон, муқаррароти асосии созишномаи ҳусни тафоҳум байни ҷонибҳо мувофиқа карда шуд, ки дар доираи он табодули академии донишҷӯëн, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон аз рӯйи самтҳои болозикр дар доираи санадҳои меъëрии ҳуқуқии соҳаи маорифи ҷонибҳо ба роҳ монда мешавад.

Leave a Comment