Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 7 марти соли 2023 пас аз расми ифтитоҳи ITB Berlin – 2023 нахуст аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар ҷараёни боздид аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бо иштироки сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳури Федеративии Олмон, намояндагони мақоми ваколатдори танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ ва масъулини ширкатҳои сайёҳии мамлакат мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
Баъдан, тибқи нақша бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла “JAZ Hotel group”, “Gasbar Travel”, “Exclusive Holidays”, Explore Algeria ва ғайраҳо мулоқоти судманд анҷом дода шуд.