Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 6 марти соли 2023 таҳти роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Федеративии Олмон вориди шаҳри Берлин гардиданд.
Нахуст ҳайати гуруҳи корӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо МТОК-и хориҷи кишвар бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Имомудин Сатторов мулоқот анҷом доданд.
Дар раванди мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Олмон дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди саноат барои давраи то соли 2030 вобаста ба омодасозии кадрҳои соҳаҳои зикршуда мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.
Ҷаноби Сатторов И. аз ташрифи нахустин донишгоҳ аз Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Олмон изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ намуда, иқдомоти раëсати донишгоҳро дар ин самт хуш пазируфтанд.
Дар натиҷа барномаи вохуриҳо ва самтҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Олмон ҳамоҳанг гардида, мулоқотҳо оғоз шуданд.
Пас аз итмоми вохӯрӣ намояндагони Донишгоҳ дар маросими ифтитоҳи чорабинии ITB Berlin – 2023, ки бо иштироки намояндагони воломақоми Олмон, мамлакатҳои хоҷагии ҷаҳонӣ ва Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили доир гардид, ширкат варзиданд.