Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон санаи 9 марти соли 2023 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи ITB Berlin – 2023 дар формати B2B ва B2G бо роҳбарони ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ ва фаъолияти меҳмонхонавӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Аз ҷумла, чунин мулоқоту вохӯриҳо бо раиси Шурои директорони шабакаи меҳмонхонаҳои “JAZ Hotel group”, менеҷери генералии ширкати “Gasbar Travel”- и Миср, менеҷери генералии “Exclusive Holidays” ва ғайраҳо доир гардиданд.
    Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисосу самтҳои дахлдор ба таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаивазкунӣ, ҳамзамон минбаъд ба кор фаро гиранд.
   Мавриди зикр аст, ки чунин мулоқоту вохӯриҳои раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони ширкатҳову ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ идома доранд.

Leave a Comment