Пешрафти иқтисодиёти кишварро бе ҳамбастагии амиқи илм ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолот таъмин кардан ғайриимкон аст. Танҳо бо дарназардошти талаботҳои имрӯзаи бозори меҳнат нисбати мутахассисони ҷавон мактаби олӣ метавонад кадрҳое омода созад, ки дар оянда бе мушкилӣ соҳиби ҷои кори муносиб гарданд.
   Бо ин мақсад дар доираи шартномаи амалкунанда байни КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ва МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” пайваста машғулиятҳои амалӣ баҳри донишҷӯёни ихтисосҳои зертобеи факултети молия ва қарз бо ҷалби мутахассисони бонки мазкур доир карда мешаванд.
     Чунин машғулияти амалӣ санаи 10.03.2023 дар Бонки таълимии Донишгоҳ, ки чанд рӯз қабл аз ҷониби КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо маводҳои нави айёнӣ бо бренди “Амонатбонк” ҷиҳозонида шудааст, аз ҷониби мутахассиси Идораи методологияи бонк Зайниддинов А. бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни ихтисоси фаъолияти бонкӣ баргузор гардид. Дар раванди дарс донишҷӯён бо усулҳои муосири ҷалби пасандозҳо, ҳисобкунии фоиз ва даромади онҳо шинос карда шуданд.
    Дар оянда баргузории чунин дарсҳои амалӣ дар сохторҳои таркибии бонк ба нақша гирифта шудааст.

Leave a Comment