Дар идомаи сафари корӣ раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 10.03.2023 бо намояндагони Вазорати сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Алҷазоир, директори иҷроияи ширкати “KDS” – и Алҷазоир, намояндагони муассисаҳои таълимии Алҷазоир ва роҳбарияти шабакаи истироҳатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои Малдиви мулоқоти судманд анҷом доданд.
  Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва минбаъд бо кор таъмин намудани онҳо дар ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии тарафҳо ба роҳ монда шавад.
  Дар баробари ин, тақвияти ҳамкориҳо вобаста ба самтҳои болозикр дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ низ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, намояндагони муассисаҳои таълимии ин мамлакатҳо омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Leave a Comment