11 март дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зимни машварати кории раёсати илм ва инноватсия, омодагии дастаҳои олимпии донишгоҳ, ҷиҳати иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Машварати корӣ таҳти раёсати муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Хоркашов И.С. бо иштироки масъулини самти илм ва инноватсия, роҳбарони дастаҳои олимпӣ ва донишҷӯёни курсҳои мухталифи донишгоҳ сурат гирифт.
    Зимнан, муовини ректор аз иқдомҳои раёсати Донишгоҳ ҷиҳати муаррифии ҳар чӣ бештари Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ёдовар шуда, иқдомоти мазкурро дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои маорифпарвари кишвар баён намуд. Қайд гардид, ки дар баробари анҷоми корҳои бунёдкориву созандагӣ баҳри фароҳамсозии шароити муосири таълим, раёсати Донишгоҳ ба фаъолгардонии шартномаҳои амалкунанда бо МТОК – и кишварҳои хориҷӣ баҳри истифодаи таҷрибаи пешқадами раванди омодасозии кадрҳои баландихтисос диққати махсус зоҳир менамояд, ки фаъолнокӣ дар ин раванд аз омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ аз ҳарвақта дида, бештар тақозо карда мешавад.
     Сипас, гузориши сардори раёсати илм ва инноватсия ва роҳбарони дастаҳои олимпии донишгоҳ вобаста ба анҷоми корҳо дар самти омодагии донишҷӯён ба озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳҳои мухталиф шунида шуд.
Донишҷӯён аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи раёсати Донишгоҳ, вобаста ба дастовардҳои донишҷӯён дар озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун, ки дар “Низомномаи ҳавасмандгардонии моддӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳои дохилӣ дар МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”” дарҷ гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷиддии хешро ба чунин озмунҳо баён доштанд.

Leave a Comment