Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди “Гуштингирӣ” ва “Шоҳмот” барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз гардид.
Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи мазкур аз 27 МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 нафар донишҷӯён байни худ сабқат хоҳанд кард.