13 марти соли 2023 дар доираи сафари корӣ намояндагони Вазорати маорифи Малайзия, Саид Муҳсин Алкоп – раиси бахши идоракунии маорифи Малайзия, Азҳар бин Муҳамад – директори бахши стратегияи хадамоти маорифи Малайзия аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздиди расмӣ ба амал оварданд. Меҳмононро дар ҷараёни боздид Котиби 3-юми раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақдодов Анушервон ҳамроҳӣ намуданд.
Ташрифи меҳмонон аз ҷониби раёсати Донишгоҳ бо санъати баланди меҳмондорӣ хуш пазируфта шуда, муовини аввали ректор Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович меҳмононро бо шароиту имкониятҳои таҳсил ва базаи моддӣ-техникии муассисаи таълимӣ аз наздик шинос намуд.
Дар рафти шиносоӣ аз лабораторияҳои таълимӣ, меҳмонон ба ҷараёни дарси устодон ташриф оварда, бо донишҷӯён суҳбати тахассусӣ анҷом доданд. Донишҷӯён бо забони англисӣ ба саволҳои меҳмонон посухҳои мушаххас гардониданд.
Қобили қайд аст, ки ташрифи меҳмонон ба синфхонаи таълимии сайёҳии кӯҳӣ ба лаҳзае рост омад, ки профессори Донишгоҳи бредаи Нидерландия Тео Ван де Лаар тариқи маҷозӣ ба донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ дарс мегуфт. Меҳмонон бо профессор Тео Ван де Лаар суҳбати маҷозӣ анҷом дода, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Малайзия низ ба профессор пешниҳод намуданд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ аз пойгоҳи омодасозии кадрҳо, меҳмонон бо роҳбарияти Донишгоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Намояндагони Вазорати маорифи Малайзия таассуроти неки хешро аз ҷараёни боздид аз шароиту имкониятҳои таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баён намуда, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ба роҳ мондани ҳамкориҳои судмандро бо донишгоҳҳои Малайзия мувофиқи мақсад шумориданд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар ин раванд Вазорати маорифи Малайзия баҳри таҳкими робитаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои ин кишвар омодааст мусоидат намояд.
Дар анҷоми боздид ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ тақдим карда шуд.