14 марти соли ҷорӣ дар доираи баргузории Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи нави ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ба имзо расид.
Созишномаи мазкур аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд доктори илмҳои техникӣ, профессор Шарипов Конгратбай Авезимбетович ва муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович ба имзо расонида шуд.