19 майи соли ҷорӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тибқи натиҷагирӣ аз даври ноҳиявии озмуни болозикр, хушбахтона 8 нафар донишҷӯён ва як нафар омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сазовори ҷойҳои 1 2 ва 3 гардида, бо диплом ва маблағҳои пулии таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти даври ноҳиявии озмун қадрдонӣ гардида, ба давраи минбаъдаи озмун роҳхат гирифтанд.
  Муваффақияти навбатии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба кулли муҳассилин ва ҳайати илмӣ-омӯзгории ин боргоҳи илму маърифат муборак бошад!

Leave a Comment