21 майи соли 2023 дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ муҳтарам Акрам Каримӣ доир гардид.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо МТОК-и хориҷи кишвар, махсусан Арабистони Саудӣ суҳбати судманду манфиатбор сурат гирифт.
Дар раванди мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди саноат барои давраи то соли 2030 вобаста ба омодасозии кадрҳои соҳаҳои зикршуда мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
Ҷаноби Акрам Каримӣ аз ташрифи роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ изҳори хушнудӣ намуда, иқдомоти раëсати донишгоҳро дар ин самт хуш пазируфтанд.
Дар натиҷа барномаи вохуриҳо бо донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ ҳамоҳанг гардида, мулоқотҳо оғоз шуданд.