22 майи соли 2023 дар идомаи сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарии ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо ректори Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ хонум Амал Алатви мулоқоти судманд анҷом доданд.
     Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба оғози ҳамкориҳо байни муассисаҳо, махсусан дар самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо дар риштаҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, зеҳни сунъӣ, IT-сервис, WEB-дизайн ва амсоли инҳо баррасӣ гардиданд.
   Дар баробари ин, вобаста ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии муштараки олимону муҳаққиқон, инчунин ташкили машғулиятҳои онлайнӣ ва ҳузурӣ байни ҷонибҳо гуфтушунид сурат гирифт.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба табодули академии донишҷӯён ва бозомӯзии омӯзгоронро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.
  Ба намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пойгоҳи моддӣ-техникии Академияи мазкур муаррифӣ карда шуд.
Баъди боздид ва шиносоӣ аз имкониятҳои таҳсил дар Академияи меҳмондорӣ ва менеҷменти сайёҳии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.
    Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи баланд, тӯҳфаҳои хотиравии ҷонибҳо тақдим гардиданд.

Leave a Comment