Таҳти чунин унвон 22 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” чорабинии идона баргузор гардид.
    Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишгоҳ, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
   Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини аввали ректори Донишгоҳ муҳтарам Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович аз ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва таҷлили “Рӯзи ҷавонон” ёдовар шуда, табрикоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ба ин муносибат қироат намуд.
    Сипас, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сангов табрикоти раиси Кумитаро ба ҳозирин расонида, ба як қатор ҷавонони ташаббускори Донишгоҳ “Ифтихорнома” тақдим намуд.
     Дар фазои тантанавӣ муовини аввали ректор барои ҳамкориҳои судманд ва самарабахш дар самти тарбияи ҷавонон “Сипоснома”-и раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини ин ниҳоди давлатӣ тақдим намуд.
    Дар фарҷом, бахши фарҳанги Донишгоҳ бо барномаи ҷолибу диданӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Leave a Comment