Аз нигоҳи замони муосир пайваста падидаҳои нав ба миён меояд, ки аз марҳалаҳои қаблии таърих ба куллӣ фарқ менамоянд. Аксари онҳо дар асоси равандҳои ҷаҳонишавии муносибату арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбанд. Имрўз ҷавонони тоҷик аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техники давлатҳои пешрафта, ба вижа, технологияи муосири коммуникатсионӣ, нанотехнология ва амсоли ин истиқбол менамоянд ва мекўшанд, ки ҳарчӣ бештар аз дастовардҳои мутамаддин бархӯрдор бошанд.
     Чизи дигареро қайд кардан бомаврид аст, ки дар яке аз Паёмҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кишвар эълон шуд ва дар ин маврид Пешвои миллат қайд карданд, ки бо ҷамъбасти Соли ҷавонон ғамхории ҳукумат ба ҷавонон ба охир нарасида, баръакс дучанд мегардад, зеро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ давоми мантиқии Соли ҷавонон аст ва ҷавононро мебояд дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои асили мардуми тоҷик саҳми босазое гузоранд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди ватананд.
    Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдеро барои омўзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рўйи кор гирифтааст. Пас, мо-ҷавононро мебояд, роҳи донишомўзиро интихоб намуда, илм омўзем, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гардем.
    Сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ, ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сохтмони муассисаҳои нави замонавӣ, компютеркунии муассисаҳои таълимӣ, инчунин барои рушди китобхонаҳо аҳамияти зарурӣ дода шудааст.
     Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солиму бардам бошанд, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманд мегардад. Вале чунонки мушоҳида мегардад, имрӯз баъзе бемориҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, тамокукашӣ ва дигар одатҳои номатлуб дар байни ҷавонон рӯ ба афзоиш доранд. Мубтало шудани наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ ва тамокукашӣ на фақат ба саломатии худи онҳо, балки ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад. Махсусан, ҳолатҳои даст задани ҷавонони мо ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон, ки сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
     Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро ифтихор донистан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки мо ҷавонон бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва итминон дошта бошем, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
    Мо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ аз пештара бештар муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми неруи ақлониву ҷусмонии худро равона месозем.
      Шарифзода Талбак Бегаҳмад – донишҷӯи курси дуюми факултети гумрук ва ҳуқуқӣ иқтисодии ДБССТ

Leave a Comment