24 майи соли 2023 бо ибтикори бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳошияи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон мизи мудаввар дар мавзуи “Ҷавонон дар оинаи муваффақият” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишгоҳ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ғафорзода Юсуф, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон (ТҶҶ) “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Раҷабов Абдулло ва ҷавонони фаъоли Донишгоҳ иштирок намуданд.
Вобаста ба мавзуи болозикр муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, меҳмонон, сардори раёсати тарбия ва робита бо ҷомеа ва раиси бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳ баромад намуда, саҳми ҷавононро дар рушду пешрафти ватани азизамон бориз арзёбӣ намуданд.
Дар охир, вобаста ба ҷамъбасти чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонон”, ғолибон бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.