Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 23 майи соли 2023 дар Намоишгоҳи байналмилалии Riyadh travel fair нахуст аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар ҷараёни боздид аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бо иштироки сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо намояндагони ваколатдори танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ ва масъулини ширкатҳои сайёҳии Арабистони Саудӣ, Индонезия, Озарбойҷон, Гурҷистон ва дигар давлатҳо мулоқоти судманд анҷом дода шуд.