22 май дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми сайёҳии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ иштирок ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намуданд.
    Дар Форуми сайёҳии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорӣ ташкил шуда буд, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Акрам Каримӣ, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор, намояндагони ширкати Каян трэйвл групп бо роҳбарии доктор Абдулазиз Абду, директори Мактаби олии сайёҳӣ ва меҳмондории Арабистони Саудӣ ҷаноби Ғазанфар Алӣ Хан, инчунин намояндагони бахши соҳибкорӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва васоити ахбори оммаи Арабистони Саудӣ ширкат варзиданд.
    Дар доираи Форум аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҳамзамон имкониятҳо ва шароитҳои таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуданд.
Намояндагони сохторҳои сайёҳӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омодасозии муштараки кадрҳо дар самтҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, роҳбаладӣ, пешхизмат ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
  Сафари кории намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ идома дорад.
ш. Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ, 22.05.2023

Leave a Comment