Фуруғи Парчами тоҷик дурахшонад фалакҳоро,
Дурахшад Парчами тоҷик, само орад самакҳоро.
Дурахш андар дурахш мавҷ аз дили дунё дурахшонад,
Ҷилои тоза бахшояд гузаргоҳи малакҳоро….
Ҷилои сурхи парчам ранги сурху руйи сурхи мост,
Сапедаш бахти испеду шифо бахшад шафакҳоро,
Ба сабзаш дар баҳори сабзбору сабзазор бошӣ,
Зи точу ҳафт ситора баркушуда руйи дунёро.
Ба парчам Коваи Оҳангари бахтовари гетӣ,
Раҳонд аз ачз дунёву ба ваҳдат хонд дилҳоро.

Leave a Comment