Ҳадафи асосии ҳамагуна сиёсати давлатӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ буда, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.
Маврид ба зикр аст, тӯли 32 соли cоҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои ташаккул ва рушдро сипарӣ намуда, имрӯз таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати комилан навро касб карда истодааст.
Дар партави сиёсати хирадбунёди Пешвои муаззами миллат раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишар тақвият дода истодааст.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавии таҳсилот масъалаи густариши ҳамкориҳои байналмилалии муассисаи таълимӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Бо ин мақсад, имрӯзҳо раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ фаъолиятро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Ҳадафи асосии раёсати робитаҳои байналмилалӣ рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робитаи зичи дуҷонибаи Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамолики дунё мебошад. Вазифаи ва ҳадафи стратегии робитаҳои байналмилалии донишгоҳ татбиқи таҷрибаҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб мебошад.
Имрӯз Донишгоҳ бо 42 давлатҳои мамолики ҷаҳон ва зиёда аз 141 муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки онҳо ба ташкили табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, ҷорисозии таҳсилоти дуалӣ ва дудиплома, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ғайраҳо нигаронида шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки тӯли солҳои охир ташрифи шарикони хориҷӣ ба Донишгоҳ ва сафари кории намояндагони Донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар бамаротиб афзун гардид. Ёдовар бояд шуд, ки танҳо дар соли 2023, дар 23 сафари корӣ, 96 нафар аз ҳайати роҳбарият, сардорони раёсатҳо, садорати факултетҳо ва омӯзгорон ҷиҳати бастани созишномаҳои ҳамкорӣ, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ба шаҳрҳои Берлин, Брюссел, Бреда, Амстердам, Риёз, Маскав, Екатеринбург, Новосибирск, Ҳайдаробод, Деҳлӣ, Деҳнав, Термез, Самарқанд, фаъолона иштирок намуда, донишгоҳро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Инчунин, намояндагони Донишгоҳ дар форумҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар доираи Намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон, шаҳри Бредаи Шоҳигарии Нидерланд ва шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардиданд, аз дастовардҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолияти густурда ва фаъоли байналмилалиро амалӣ намуда, бо аксар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Донишгоҳ фаъолона дар аксар барномаҳои сармоягузории байналмилалӣ ширкат намуда истодааст.
Ҳадафи асосии раёсати Донишгоҳ дар самти робитаҳои байналмилаӣ ташкил ва ҳамоҳангсозии иштироки Донишгоҳ дар барномаҳои ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Дар доираи созишномаҳои амалкунанда ва созишномаҳои наве, ки дар соли 2023 ба имзо расиданд, ҳудуди 200 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ ва филиалҳои он ва дар ибтидои соли таҳсили 2023-2024 ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд.
Дар баробари ин, фаъолияти донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои байналмилалӣ хуб бароҳ монда шуда, дар озмуне, ки бо ташаббуси Бонки Осиёии Рушд дар соли 2023 бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Озорбойҷон, Чин, Қазоқистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, таълим тибқи стандартҳои мавҷуда роҳандозӣ гардидааст.
Донишгоҳ татбиқкунандаи фаъоли лоиҳаҳои байнанлмилалӣ буда, дар соли 2023 лоиҳаи грантӣ вобаста ба таъмини раванди таҳсилоти бисёрзинагӣ дар фазои ягонаи таҳсилотии рақамӣ таҳия карда шуда, ба ташкилотҳои маблағгузор, аз ҷумла Бонки Исломии Рушд ва Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузорӣ пешниҳод карда шуданд ва мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор доранд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳри ташкили ҳамкории байналмилалӣ бо ҳадафи омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар соҳаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ минбаъд низ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Машокиров Ҷаҳонгир Неъматуллоевич – мудири бахши таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои ДБССТ