«Дар шароити нави татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф гузаштан аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон аҳаммияти торафт бештар касб менамояд. Тавассути такмили ихтисос омӯзгор метавонад таҳсилоти заминавии худро таҳким бахшида, фаъолияти хешро ба муҳит ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ мутобиқ созад».
   Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 01.09.2023, ноҳияи Данғара
    Бо мақсади таъмини татбиқи Барномаи давлатии касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 1 сентябри соли 2021 баён доштанд, ки давра ба давра аз курси такмили ихтисос ва аз бозомӯзӣ гузаронидани кормандони муассиса ва ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои хизматрасонӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, нақлиёт, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо дар Донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кории кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ Маркази ҷумҳуривии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ таъсис дода шавад.
   Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо корхонаҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ тақвият дода, аз 01.01.2022 дар донишгоҳ Маркази ҷумҳуривии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасониро таъсис дод.
Соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
    Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси нақшаи тасдиқшуда барои амалӣ намудани супоришу дастурҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва Низомномаи марказ равона намуда, омӯзгорон ва кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасониро оид ба пешбурди соҳа, бо истифодаи дастовардҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, усулҳои интерактивии дарсдиҳӣ, курсҳои бозомӯзӣ ва семинарҳо гузаронида, барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон чораҳои зарурӣ меандешад.
   Мақсади асосии марказ ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабинињо оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мувофиқи талаботњои амалкунандаи бозори меҳнат мебошад.
Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ яке аз қисмҳои муҳимми низоми таҳсилоти миллӣ ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва маҳорати касбии кормандони соҳа нақши муҳим дорад. Зеро тавассути такмили ихтисос кормандони соҳа метавонанд таҳсилоти базавии худро тақвият бахшида, ба муҳити нави иқтисодию иҷтимоӣ, талабоҳоти нави истеҳсолию тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ мутобиқ шаванд ва бо ҷомеа ҳамқадам гардида, ҷараёни хизматрасониро вобаста ба талаботи замон ба роҳ монанд.
   Рушди малакаю маҳорати касбии кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимми фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба ҳисоб рафта, мунтазам таҷдиди назар кардани нақша ва барномаҳои таълимӣ вобаста ба мазмуни таҳсилот, пешрафту тағйироти соҳа ҷиҳати ҷавобгӯ ба талаботи замон ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат менамояд.
    Вазифаҳои асосии Марказ пеш аз ҳама таъмин намудани талаботи ҷомеа бо мутахассисони баланд ихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ; таъмини босифати бозомӯзии кормандон бо барномаҳои ҷадиду нави таълимӣ; мукамал гардонии усулҳои таълим; алоқаи пайваста бо дастовардҳои илму истеҳсолот, аз ҷумлаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ; истифодаи самараноки нерӯҳои зеҳниву-кадрӣ дар низоми таълимоти олӣ; ташкили инфрасохтори илмӣ-таълимӣ ва илмӣ-истеҳсолӣ дар асоси талаботҳои бозордар шароити иқтисоди муосир мебошад.
Дар ояндаи наздик Маркази барои худ самтҳои афзалиятноки зеринро муайан намудаст:
   – ба сатҳи дигар гузаштани фаъолияти марказ, ки дар васеъ намудани барномаҳои такмили ихтисос барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ оиди самтҳои татбиқи ислоҳот ифода ёфтааст;
   – бо сабаби васеъ гаштани самтҳои барномаҳои омӯзишӣ, ҷорӣ намудани таҳсилоти дуалӣ, табодули таҷриба, омӯзиши фосилавӣ, коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим;
  – мукаммалгардонии низоми банақшагирӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии раванди таълими Марказ, аз он ҷумла алоқа бо низоми идоракунии захираҳои кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   – раванди таълимиро бо ҳайати баландихтисоси устодон ва кормандони маъмуриву идоракунанда таъмин намудан;
  – инкишофи таъминоти методӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим;
    – инкишоф ва азнавкунии базаи моддиву техникие, ки раванди таълимро мутобиқи талаботҳои замонавию ҷаҳонӣ ба сатҳи баланди зарурӣ оварда мерасонад.
    – ҳамкорӣ бо филиалҳои донишгоҳ дар самти ташкили Маркази такмили ихтисоси минтақавӣ дар заминаи марказ.
   Кормандони соҳаҳои хизматрасонӣ: ширкатҳои сайёҳӣ, нақлиёт, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва шунавандагон метавонанд ба Маркази ҷумҳуривии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Директори маркази ҷумҳуриявии такмили
ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ
ва хизматрасонии назди Донишгоҳи
байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории
Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ,
дотсент Мариншоев М.М.

Leave a Comment