19 сентябри соли 2023 мулоқоти намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҳайати Мақомоти масъули Малайзия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ (EMGS) доир гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки ба донишгоҳ профессор Моршиди Сират – мушовири Вазири таҳсилоти олии Малайзия, Нови Таҷуддин – директори иҷроияи Мақомоти масъули ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати анҷом додани мулоқот ташриф оварданд.
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳайати муовинони ректор аз ташрифи дуюми намояндагони Мақомоти масъул дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва ҳамкориҳои пайвастаи донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Малайзия изҳори қаноатмандӣ ва арзи сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли таҳсили 2022-2023 сафари ректори муассиса муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ба Малайзия сурат гирифта, ҳамкориҳои густурдаи донишгоҳ бо Донишгоҳҳои Сити, Сегӣ ва Маҳсаи Малайзия дар самтҳои мухталифи фаъолият ба роҳ монда шудааст.
Нахуст, меҳмонон аз пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таълим дидан намуда, ба гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисии донишгоҳ дар риштаҳои сайёҳӣ, молия ва фаъолияти бонкӣ дар бораи имконоти таҳсил дар муассисаҳои таълимии Малайзия, иштирок дар барномаҳои табодули академӣ, стипендияҳо ва грантҳои таҳсилотӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Сипас, тибқи барнома мулоқоти ҷонибҳо сурат гирифт. Дар раванди мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Малайзия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо тақвият дода шуда, дар доираи шартномаҳои нави ҳамкорӣ табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ғайраҳо ба роҳ шаванд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ҷонибҳо ба ҳам тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ