Имрӯз (28 сентябри соли 2023) бо ташаббуси кафедраи забон ва фарҳанг дар факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон байни устодон ва донишҷӯён маҳфили “Шоҳномахонӣ” баргузор гашт. Дар рафти маҳфил декани факултет муҳтарам Ҳ. Гадоев, устодони кафедраи забон ва фарҳанг, намояндаи раёсати тарбия ва донишҷӯён иштирок намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоҳномасаро Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” маърӯзаронӣ намуданд.
Дар маҳфил декани факултет Ҳ. Гадоев оид ба аҳамияти “Шоҳнома” профессор – Қ.Хоҷаев оид ба ҷанбаи Ватандӯстии асар, донишҷуён оид ба ҳаёти пурмашаққати шоир ва порчаҳои назмии достонҳои Шоҳнома суханронӣ намуданд. Дар охир мудири кафедра иброз намуд, ки на танҳо донишҷӯёну устодон, балки тамоми насли миллати тоҷикро зарур аст, ки барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ҳатман “Шоҳнома”, “Тоҷикон” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” -и Пешвои миллатро мутолиа намоянд.