АСОСҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки «Дар Паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрўз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурўҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд».
Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.
Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳаррўз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем. Мо бояд ҳамарўза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рўҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем.
Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз он, ки терроризми байналхалқӣ, ҷудоиандозӣ ва зуҳуроти дигари экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин ҳиҷрати ғайриқонунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст.
Ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ дар охири асри XX ва аввали XXI ба асри навин таҳдидҳои нав мекунад. Он хусусияти умумӣ пайдо карда, ҳам ба ҳар мамлакати алоҳида ва ҳам ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳдид дорад. Баробари ин таъкид кардан зарур аст, ки доираи зуҳуроти ҷинояткории муташаккилона пайваста васеъ мешавад.
Сарварон ва иштироккунандагони фаъоли ҷамъиятҳои ҷинояткорон ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт ва сохторҳои молиявию бонкӣ таъсири манфӣ расонда, сармояҳои зиёди ғайриқонунӣ ба вуҷуд оварда, манфиатҳои худро дар сохторҳои қонунгузор, иҷроия ва идора ба мадди аввал гузошта, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ cap медароранд ва бо ҳамин қабули қарорҳои барои худ манфиатбахшро таъмин мекунанд.
Онҳо дар авҷ гирондани экстремизм, дар додани ихтилофоти сиёсию миллӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бо роҳи террори ҷисмонию маънавӣ ба системаи ҳифзи тартиботу қонун беш аз пеш муқовимат нишон дода, хеле бисёр ҷавононро фосид карда, ба ҷинояткорӣ ҷалб менамоянд.
Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ, ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст. Мушоҳидаҳои байналхалқии қаблан роҷеъ ба ин масъала имзошуда масъалаи терроризмро ҳамчун масъалаи алоҳида ҷудо накарда, балки онро дар баробари масъалаҳои дигари дорои характери ҷиноӣ баррасӣ менамоянд. Бо таассуф гуфтан лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст.
Бинобар ин имрўз тартибу таҳия ва имзои мушоҳидаи ягонаи мукаммал зарур мебошад, ки мафҳуми терроризм, пеш аз ҳама терроризми минтақавиро муайян карда, дар ин самтҳои мушаххаси ҳамкории имконпазири байналхалқӣ дар мубориза ба муқобили терроризм муқаррар намуда муҷозоти муқобили давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ мекунанд ва гурўҳҳои террористро дастгирӣ менамоянд пешбинӣ карда, ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳо ва асноди дигари иловагии нормативиеро имконпазир мегардонанд, ки масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризмро ба низом медароранд.
Ба назари мо, дар амал татбиқ намудани ин ва пешниҳодҳои дигаре, ки дар ин ҷамъомад дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ба миён гузошта мешаванд, муқаррар намудани шаклу усулҳои самрабахши ҳамкории давлатҳо дар соҳаи ба роҳ андохтани муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ҷиноятҳои минтақавӣ иқдоми муҳим гардида метавонанд.
Пешгирии терроризм вазифаи ниҳоят душвор аст, зеро ин падида бо сабабҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, равонӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Ин гуна сабабҳо бояд объекти дахолати пешгирикунанда бошанд, аммо ин кор аслан осон нест, зеро қисми муҳими сабабҳои номбаршуда бо ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ ва ғасби он, тақсими амвол, ташвиқ ва ҷорӣ намудани идеологияи «худ», тағйир додани сохтори миллӣ ё иҷтимоии ҷомеа ва ғайра алоқаманданд. Бо ин ҳама, терроризм, тавре ки дар боло қайд кардем, рафънопазир аст, зеро он як навъ ҷинояти вазнин ба муқобили башарият мебошад. Тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки ҷўяндагони ҳақиқат ва адолат, ки омодаанд худро ва дигаронро барои хушбахтии умумӣ ё гурўҳи иҷтимоӣ ё миллӣ қурбон кунанд, ҳамеша аз рўи замин нопадид шаванд, тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки дар рўи замин дигар одамоне ба дунё намеоянд, ки бо роҳи терроризм вазифаҳои ғаразноки худ ва на танҳо вазифаҳои моддӣ, ҳамчунин баробарии ҳамаро дар ҷомеа ҳал мекунад.
Дар воқеъ, масъала умуман дар бораи пурра нест кардани терроризм дар ҷаҳон намеравад, алахусус агар мо зуҳуроти гуногуни онро дар хотир дорем. Ҷомеаи мутамаддин бояд саъй намояд, ки паҳншавии онро пешгирӣ кунад ва таҳдиди саривақтиро муайян кунад.
Мирзомуродов Ҳоҷимурод Ашурқулович
Ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ
ва фаъолияти соҳибкорӣ