чунин унвон 22 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, намояндагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро ректори муассиса профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи муқаддас табрик кард. Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ соли 2018 зикр намуда буданд: “Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”. Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат зимни баромади хеш зикр кард, ки ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамои муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд.
Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳозирин пешниҳод гардид.aa
