Солҳост, ки дар зеҳну шуъур ва қалбу забони мо мафҳумҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол, Иҷлосияи тақдирсоз, Ваҳдати миллӣ мавқеи меҳварӣ гирифтанд. Пайдост, ки тамоми дастовардҳои миллии мо, дастархони пурфайзи хонадони мо, рӯзгори осудаву субҳи босафои кишвари мо аз ҳамин мафҳумҳои муқаддас сарчашма мегирад. Аммо тавсифи ҷудогонаи ҳар яке аз ин падидаҳои олитарини таърих ҷиҳати посу эҳтирому арзишҳои миллӣ хело муҳим ва саривақтист.
Аз миёни ин санаҳои муҳими таърихӣ нақш ва ҷойгоҳи Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми амну суботи кишвар ва ташаккули ҳама соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии давлатамон хело назаррас мебошад.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар кишварамон Тоҷикистони зебоманзар соҳаи сайёҳӣ ҳамчун як соҳаи афзалиятноки эқтисодӣ рушд намуда истодааст. Маҳз рушди ин соҳа аз амну суботи кишвар вобастагии зич дорад. Бинобар ин, гуфтан ба маврид аст, ки дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ низ аз шарофату баракати Иҷлосияи тақдирсоз ва баъдан Ваҳдати миллӣ, ки пешоҳанги ин арзишҳо Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон мебошанд, сарчашма мегирад.
Маврид ба зикри хос аст, ки соҳаи сайёҳӣ низ ҳамчун самараи истиқлоли давлатӣ дар давоми 31 сол дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвари азизамон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, нақши Иҷлосияи тақдирсос ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соҳа, аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят бузург аст.
Маҳз файзи Иҷлосияи тақдирсос аст, ки дар кишвар офтоби сулҳу субот дурахшонасту хандаи марғуладори кӯдакону, чеҳраҳои гарму нарми модарон, хуш табассум бар лабони дилбарон дар кӯчаву хаёбонҳои шаҳру деҳоти кишвар мавҷ мезанад. Бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз солҳои охир шумораи сайёҳон афзуда, таваҷҷуҳи сайёҳон пеш аз ҳама ба кишвари амну субот мавқеъ гирифтани Тоҷикистон ва табиати зебову таърихи бою қадимӣ доштани ин сарзамин арзёбӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки нақши Иҷлосияи тақдирсоз натанҳо дар таъмини амну суботи кишвар ҳувайдост, балки дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ таъсиргузор аст. Бешубҳа ба пеш гузоштани масоили муҳимтарин дар Иҷлосияи тақдирсоз ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи нороми кишвар аз ҷониби вакилони халқ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон боис гардид, ки Тоҷикистони азиз дар кӯтоҳтарин муҳлат ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирад.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пеш гирифтани муҳимтарин ҳадафҳои стратегии кишвар – “Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ”, “Раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ” ва ниҳоят “Саноъатикунонии босуръати кишвар” ҷиҳати рушди Тоҷикистон ҳамчун як мамлакатӣ пешқадам таъсир гузоштанд. Пайдост, ки бо ҷомаи амал пӯшидани чанде аз ин ҳадафҳо боис гардид, ки роҳҳои қариб ҳамаи минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон мумфарш гардида, хонаи дурдасттарин сокинони минтақаҳои Тоҷикистон ҷароғон гардад ва дар натиҷа инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ низ ташаккул ёбад. Тоҷикистон кишвари экологист. Дербоз табиати нотакрору чашмаҳои шифобахш ва меваҳои шаҳдбори он диққати сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.
Бори дигар бояд ёдовар шуд, ки ин ҳама дастовардҳои беназири мо аз файзу баракати истиқлол, Иҷлосияи таҷдирсоз, Ваҳдати миллию ҳамдили мардуми бошарафи Тоҷикистон ба вижа хизматҳои бузургу хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Э. Раҳмон мебошанд.
ЁРМАҲМАД Қурбонов н.и.и., дотсент мудири кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ