Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти чунин унвон 16 ноябри соли 2023 бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир намуд.
Дар ҳамоиши мазкур олимони ҷавони Донишгоҳ номзади илмҳои фалсафа Ақризоев М.М. дар мавзуи “Саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ” ва устоди калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳабибов С.И. дар мавзуи “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – бузургтарин рӯйдоди таърихии замони соҳибистиқлолии тоҷикон” баромад намуданд.
Дар охири ҳамоиш музокироти судманд сурат гирифта ҳозирин вобаста ба ҷашнҳои пурифтихори 31-умин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.