Баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон низоми сустинкишофёфтаи соҳаи сайёҳиро ба мерос гирифт, ки он ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгўй набуд. Маълум аст, ки аз байн бурдани ин мушкилот ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба болоравии иқтисодӣ ва сатҳи некӯаҳволии мардум такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ, аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум мегардад, ки барои ҷалб намудани сармоя ба соҳаи сайёҳӣ давлат аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо менамояд.
Зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд”.
Бинобар ин, бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад.
Ин иқдомҳои сиёсӣ боис гардиданд, ки дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ заминаҳои устувор гузошта шавад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ” ба танзим дароварда шудааст.
Бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт аввалин маротиба ҳуҷҷати муҳимми банақшагирии стратегӣ – Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 1 августи соли 2018, № 372 қабул гардид.
Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии кишварро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, омили ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Аллакай Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 бомуваффақият амалӣ шуданд.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, таваҷҷуҳ ба соҳаи мазкур зиёд гардид. Бинобар ин, бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Сарвари давлат 26 декабри соли 2018 пешниҳод гардид, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд. Маҳз ба туфайли иқдомҳои созандаи Пешвои миллат имконият пайдо шуд, ки новобаста ба вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, пандемияи COVID-19 ва дигар мушкилот дар як муддати кӯтоҳ пешравиҳои назаррас дар соҳаи мазкур ба даст оварда шуда, иқтидорҳои нуҳуфтаи Тоҷикистон дар ин самт ба таври дахлдор истифода карда шаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст. Ҳоло дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гардиданд.
Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо дар соли 2022 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд. Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидаст.
Ҳамин тавр, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, қуллаҳои баланди кўҳӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст.
Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ истифода нагардида, шароити мусоид барои сайёҳон ба таври кофӣ муҳайё карда нашудааст. Аз ин рў, мақсад аз он иборат аст, ки ислоҳот дар ин соҳа идома ёфта, саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври назаррас баланд бардошта шавад.
Дар сурати амалӣ намудани вазифаву ҳадафҳои гузошташуда имкон ҳаст, ки дар соли 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор ва дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда гардад.
Бадалова Наргис Турсунбоевна – асистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДБССТ