Дар Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҳамкории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ бо иштироки ровиёни дорои дараҷаи баланди тахассусӣ оид ба соҳаи хизматрасонӣ ва тарабхонадорӣ аз Ҷумҳурии Туркия идома дорад.
Курси мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани салоҳияти касбии масъулини субектҳои хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳон, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи тарабхонадорони Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026” ва лоиҳаи “Тарбияву таълими ҷавонон ва ба кор таъминкунии онҳо” ташкил карда шудааст.
Курси омӯзишӣ то 18 ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад, довталабон баъд аз анҷоми курс бо шаҳодатнома сарфароз гардонида мешаванд.
Аз рӯи нақша дар курсҳои омӯзишӣ 557 нафар кормандони тарабхона, ошхона ва қаҳвахонаҳои кишвар, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе 427 нафар, ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва инчунин аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 130 нафар иштирок намуда, аз рӯи 4 тахассус, аз ҷумла “Хизматрасонӣ дар тарабхона”, “Азхудкунии касби Бариста”. “Азхудкунии гастрономия ва пухтупаз” ва “Идоракунии тарабхона” омӯзонида мешаванд.
Баргузор намудани чунин курсҳои кӯтоҳмуддат дар рушди соҳаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва баланд бардоштани касбияту малакаи кории кормандони субъектҳои соҳаи сайёҳӣ саҳми муносиб гузошта, барои ҷалби сайёҳон ба кишвар муосидат хоҳад кард.
Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ