16 ноябри соли 2023 атташеи минтақавӣ оид ба масъалаҳои маорифи Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Тошканд) Серж Белини ва атташе оид ба масъалаҳои фарҳангӣ Жули Оффре-Карю дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
   Меҳмонон қабл аз ҳама, аз пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар донишгоҳ дидан намуда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷабборов Ф.А. мулоқот анҷом доданд.
  Дар раванди мулоқот масоили мубрами роҳандозии ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Фаронса мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо тақвият дода шуда, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо шартномаҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии Фаронса ба имзо расонида шаванд. Ҳамзамон, доир ба ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилотӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, инчунин барномаҳои грантӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ ва муҳокима карда шуданд.
   Дар интиҳои вохӯрӣ ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ

Leave a Comment