17 ноябри соли 2023 дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент Маркази омӯзиши асарҳои Пешвои миллат ташкил гардид, ки дар расми ифтитоҳи он роҳбарияти Донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
   Маркази мазкур имконият фароҳам месозад, ки омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ бештар ба омӯзиши асарҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шаванд.

Leave a Comment