Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ифодагари таъриху тамаддуни бой ва рангини халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифзу омӯзиш ва муаррифии онҳо маҳз зери пуштибонӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон қарор гирифтаанд.
   Бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва тибқи нақша чорабиниҳои маҳфили илмии “Ҷаҳони саёҳат” – и назди кафедраи “Бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ” санаи 17 – уми ноябр бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултети сайёҳӣ дар мавзӯи “Нақши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар рушди сайёҳии фарҳангӣ” маҳфили илмӣ гузаронида шуд. Дар рафти маҳфил ба таври аёнӣ маълумотҳои муҳими илмӣ доир ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷумла доир ба “Саразм”, “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук”, “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор”, манзур гардида, ҳамзамон аҳамияти ин ёдгориҳо дар ҷалби сайёҳон ба вижа рушди сайёҳии дохилӣ ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.
   Дар раванди баргузории маҳфил байни устодон ва донишҷӯён саволу ҷавоб бо посухҳои муфиди марбут ба мавзуи пешниҳодшуда амалӣ гардида, ҷиҳати таҳкими донишҳои назариявӣ ва малакавии донишҷӯён мусоидат намуд.

Leave a Comment