20 ноябри соли 2023 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва гардишгарии QTM – 2023, ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардида истодааст, бо роҳнамоиҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар муҳтарам Соҳибзода Хисрав Соҳиб ба Донишгоҳи Лусайли Қатар ташриф оварда, бо ректори он мулоқот анҷом дод. Дар ибтидои мулоқот ректори Донишгоҳи Лусайл профессор Низам Муҳаммад аз ташрифи роҳбарияти ДБССТ изҳори хушнудӣ намуд. Зимни мулоқот миюни ҷонибҳо масоили мубрами ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилотӣ, таҳия лоиҳаҳо, гузаронидани чорабинии муштарак, ташрифи дуҷонибаи профессорону омӯзгорон, ташкили табодули академӣ ва амсоли инҳо муҳокима ва баррасӣ гардиданд. Дар интиҳо ҷонибҳо ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи ҳусни тафоҳум ба мувофиқа расиданд, ки бандҳои дахлдори он дар доираи санадҳои меъёрии ҷонибҳо амалӣ карда мешаванд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ

Leave a Comment