КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
25 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Самтҳои стратегии рушди соҳибкории инноватсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҳамзамон, мақолаҳои илмии муҳаққиқон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Малайзия ва дигар шарикони рушд аз хориҷи мамлакат дар маводи конфронс ҷойгир шудааст.
Конфронс пас аз нисфирӯзӣ кори худро дар бахшҳои алоҳида идома медиҳад.

Leave a Comment