Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бахшида ба ҷашни “30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Президент”
Ҳамватанони азиз, устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба ҷашнҳои муқаддасу фархунда “30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Президент”, ки ҳамасола 16 ноябр дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд табрику таҳният менамоям. Воқеан ҳам, барои мардуми соҳибфарҳангу куҳансолори тоҷик ҷашн гирифтани чунин рӯзҳои муборак ва барои ояндаи миллату давлат тақдирсоз боиси ифтихору сарбаландист.
Хушбахтона, бо амри тақдир Иҷлосияи тақдирсоз Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро ба миллати тоҷик ваъда намуд. Дар ин иҷлосия аз 197 вакил 186 нафар ба роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахсияти ҷасуру ватанпараст Эмомалӣ Раҳмон раъйи мусбат дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро бо мақсади таъмини сулҳу субот, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум муайян намуданд.
Пас аз ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан, дар суханронии нахустини хеш Раиси нави Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “…Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…”.
Имрӯз боиси ифтихор аст, ки 30 сол инҷониб бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматқарини тоҷик тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.
Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни яке аз баромадҳои хеш вобаста ба Иҷлосияи тақдирсоз чунин иброз намуда буданд: «Ин иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолият манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳал намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт».
Воқеан ҳам, ин Иҷлосияи муҳими таърихӣ оғози ба сулҳу ваҳдат ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид. Таърихи соҳибистиқлолии кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд барои ба низом овардани вазъи сиёсии кишвар, танзими муносибатҳои ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуданд.
Ҳоло, агар ба дастовардҳои 30 солаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, баръало эҳсос менамоем, ки дастовардҳо хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ иртибот мегиранд. Дар ин муддат кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд.
Аз ин рӯ, итминон дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд ҳам дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, барои абадӣ сохтани маориф, илм, фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.
Лозим ба ёдоварист, ки ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногун ба хотири арҷ гузоштан ба Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи хизмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва пойдор нигоҳ доштани он равона карда шудааст.
Бори дигар кулли мардуми шарафманди кишварро ба ифтихори “30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Президент” самимона муборакбод менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Leave a Comment