Дар ҳошияи таҷлили 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 14-уми ноябри соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия дар пояи кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши илмӣ намояндагони сохторҳои гуногун аз қабили Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, олимону муҳаққиқон аз макотиби олии ҷумҳурӣ иштироки фаъолона намуданд.
Ба кори ҳамоиши илмӣ сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бобоев А.М. ҳусни оғоз бахшида ба ҳозирин ҷиҳати иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуда, сипас риштаи суханро ба аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуҳалим Ғаффоров дод.
Абдуҳалим Ғаффоров дар доираи мавзуи интихобгардида маърӯза намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихиест, ки тақдири миллати тоҷикро ба куллӣ иваз намуд. Ин санаи муҳими таърихӣ имконияти дубора эҳё гардидани давлати бузурги тоҷикон гардида, минбаъд поягузори асосии ваҳдату ягонагӣ ва тинҷиву суботкории халқи шарафманди кишварамон гардид.
Мавсуф қайд намуд, ки маҳз бо василаи ҳамин санаи муҳими таърихӣ барои халқи сарбаланди Тоҷикистон Худованд роҳбареро овард, ки ҷони азизи худро дареғ надошта, манфиатҳои арзишманди миллатро минбаъд дар ҷойи авваал қарор дод. Дар давоми маърӯзаи худ Абдуҳалим Ғаффоров аз ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, нақши эшонро дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон бориз арзёбӣ намуд. Дар фарҷоми маърӯзаи худ Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки зери ливои ягонагӣ сарҷамъ бошанд ва баҳри шукуфоии давлати азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Сипас профессори кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳотамов Намоз Басарович аз аҳамияти таърихии ин падидаи тақдирсоз ёдовар гардида, марҳилаҳои баргузории онро як-як ба ҳозирин иброз намуд ва қайд намуд, ки меваҳои Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ самараи дучандро ба бор овард.
Дар фарҷоми кори ҳамоиш якчанд устодону донишҷӯён таассуроти хешро доир ба таҷлили бошукӯҳи Иҷлосияи 16-уми шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Leave a Comment