Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ сохтори таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, бо мақсади ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мувофиқи талаботҳои амалкунандаи бозори меҳнат аз 01.01.2023 таъсис дода шудааст.

   Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси касбии кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ яке аз қисмҳои муҳимми низоми таҳсилот миллӣ ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва маҳорати касбии кормандони соҳа нақши муҳим дорад. Зеро тавассути такмили ихтисос кормандони соҳа метавонанд таҳсилоти базавии худро тақвият бахшида, ба муҳити нави иқтисодию иҷтимоӣ, талабоҳоти нави истеҳсолию тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ мутобиқ шаванд ва бо ҷомеа ҳамқадам гардида, ҷараёни хизматрасониро вобаста ба талаботи замон ба роҳ монанд.

МАРИНШОЕВ МУҚБИЛ МУНАВВАРШОЕВИЧ

Директори маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Тел:+992934444133, E-mail: mukbil-0105@mail.ru

Вазифаҳои асосии Марказ:

  • таъмин намудани талаботи ҷомеа бо мутахассисони баланд ихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ;
  • таъмини босифати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон бо барномаҳои нави таълимӣ;
  • мукамал гардонии усулҳои таълим; алоқаи пайваста бо дастовардҳои илмию истеҳсолӣ, аз ҷумлаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ;
  • истифодаи самараноки нерӯҳои зеҳниву кадрӣ дар низоми таълимоти олӣ;
  • ташкили инфрасохтори илмӣ-таълимӣ ва илмӣ-истеҳсолӣ дар асоси талаботҳои бозор дар шароити иқтисоди муосир мебошад.

    Дар оянда Маркази барои худ самтҳои афзалиятноки зеринро муайан намудаст:

   – ба сатҳи дигар гузаштани фаъолияти марказ, ки дар васеъ намудани барномаҳои такмили ихтисос барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ оиди самтҳои татбиқи ислоҳот ифода ёфтааст;

   – бо сабаби васеъ гаштани самтҳои барномаҳои омӯзишӣ, ҷорӣ намудани таҳсилоти дуалӣ, табодули таҷриба, омӯзиши фосилавӣ, коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим;

   – мукаммалгардонии низоми банақшагирӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии раванди таълими Марказ, аз он ҷумла робита  бо низоми идоракунии захираҳои кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

   – раванди таълимиро бо ҳайати баландихтисоси омӯзгорон ва кормандони маъмуриву идоракунанда таъмин намудан;

   – инкишофи таъминоти методӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим;

   – инкишоф ва азнавкунии заминаҳо моддиву техникии раванди таълим;

   – ҳамкорӣ бо филиалҳои донишгоҳ дар самти ташкили Маркази такмили ихтисоси минтақавӣ дар заминаи марказ.