РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

    Асрорзода Убайдулло Саттор 8-майи соли 1986 дар ноҳияи Восеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Доктори илмҳои иқисодӣ, и.в., профессор (соли 2021), профессори Академияи табиатшиносии Россия (2016), вакили маҷлиси вакилони халқ дар солҳои 2015-2020, айни замон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (иқтисодчӣ) хатм намудааст.

       Солҳои 2005-2007 нозири шуъбаи кадрҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, солҳои 2007-2008 коршиноси қарзии шуъбаи амалиёти Бонки рушди Тоҷикистон, солҳои 2008-2009 ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ, ҷонишини аввали декани факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2009-2012 декани факултети таҳсилоти ғоибона, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2012-2014 декани факултети молия ва қарз, дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2014-2015 муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон), солҳои 2015-2020 директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият намудааст.

АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР

доктори илмҳои иқтисодӣ

      Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 то моҳи январи соли 2022 ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва аз моҳи феврали соли 2022 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкрии Тоҷикистон фаъолият дорад.
     Асрорзода Убайдулло Саттор барои фаъолияти пурсамар ва бенуқсон дар соҳаи маорифи кишвар соли 2012 бо медали “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2013 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника ва соли 2019 бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ карда шудааст.
         Муаллифи зиёда аз 10 асару 100 мақолаи илмӣ мебошад.