Раҳимов Мирзоҳид Абувоҳидович 17-уми июни соли 1975 дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, бо ихтисоси «Таъминоти газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ» (1997) ва факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ бо ихтисоси «Андоз ва андозбандӣ» мебошад (2006). Солҳои 1997-2003 лаборант, ассистент, муаллими калони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ, солҳои 2004-2012 ассистент, муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ) буд.
Соли 2012, дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (Хуҷанд) рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Ташаккули бозори суғурта дар иқтисодиёти миллӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, аз рўйи ихтисоси 08.00.01-Назарияи иқтисодӣ бомуваффақият ҳимоя намудааст.
Солҳои 2012-2015 сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва дотсенти кафедраи «Андоз ва андозбандӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (собиқ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон), солҳои 2015-2016 декани факултети таҳсилоти ғоибонаи донишгоҳи мазкур. Аз моҳи августи соли 2017 дар вазифаи декани факултети сохтмон ва роҳсозӣ, аз моҳи сентябри соли 2018 ба ҳайси муовини директор оид ба робитаҳои хориҷӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2019 то моҳи январи соли 2020 ба ҳайси муовини директор оид ба таълими Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.C. Осимӣ фаъолият кардааст.

РАҲИМОВ МИРЗОҲИД АБУВОҲИДОВИЧ
муовини ректор оид ба корҳои таълим (муовини аввал), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Аз моҳи феврали соли 2020 ба ҳайси муовини ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ки ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сойёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикитон мебошад оид ба корҳои таълим (муовини аввал) кор мекунад.
Дотсент Мирзоҳид Раҳимов муаллифи беш аз 20 мақолаи илмӣ, 1 монография, 1 дастури таълимӣ-методӣ буда, барои хидматҳои шоёнаш бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.