Ҷабборов Фатҳулло Амриевич 6-уми августи соли 1983 дар шаҳри Панҷакент, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2000-ум гимназияи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Панҷакентро хатм намуда, ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дохил шудааст. Соли 2005 донишкадаи мазкурро аз рўйи ихтисоси «Иқтисодиёти ҷаҳон» бо бипломи аъло хатм кардааст. Пас аз хатми донишкада, соли 2005 фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси ассистент-коромўзи кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оғоз намудааст. Аз соли 2008 то 2009 ба ҳайси муаллими калони кафедраи туризм ва маркетинг кору фаъолият намудааст. Баъдан аз соли 2009 ба кафедраи навтаъсиси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ интиқол ёфта, ба ҳайси муаллими калон фаъолият кардааст. Соли 2011 рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст.
Пас аз дифои рисолаи номзадӣ аз сентябри соли 2011 то 2013 дар вазифаи сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кору фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2013 то 2018 ба ҳайси сардори шуъбаи таълими донишкадаи мазкур фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2018 то 15-уми январи соли 2019 ба ҳайси муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва аз 15-уми январи соли 2019 инҷониб ба ҳайси муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии ДССХ, ки ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикитон мебошад фаъолияти шоиста дорад.
Иштирокчии як зумра лоиҳаҳои сатҳи миллӣ ва байнал-милалӣ, аз ҷумла, «Рушд ва такмили иқтидори идоракунии донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ», «Ҳуҷҷатгузорӣ доир ба сифати барномаҳои таълимӣ» ва ғайраҳо мебошад.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, бо макотиби олӣ ва муассисаҳои илмии хориҷи кишвар ба кишварҳои Озарбойҷон, Федератсияи Руссия, Қирғизистон, Қазоқистон, Италия, Испания сафари корӣ ва илмӣ анҷом дода, дар курсҳои такмили ихтисос, форумҳо, конференсияу симпози-умҳо иштирок ва маърўза намудааст.

ҶАББОРОВ ФАТҲУЛЛО АМРИЕВИЧ
муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Фаъолияти илмӣ. Солҳои 2007-2011 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Соли 2011 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ рисолаи номзадиро дар мавзўи «Таъмини бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити қарзгирии беруна» ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст.
Фаъолияти илмии ў ба масоили қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини бехатарии иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар раванди таҳқиқоти илмӣ, дар заминаи омўзиши ҷанбаҳои назариявӣ, модели такмилёфтаи таъсири қарзи берунаро ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст. Ҳамчунин омилҳои асосии таъсиррасонандии қарзи беруна ба ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва тасниф намуда, таҳлили иқтисодӣ-риёзии омилҳои калидии ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронидааст.
Ҳамчунин, дар осори илмии худ пешниҳодоти мушаххаси илман асосноки хешро доир ба идоракунии қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти миллӣ дар шароити узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) манзур намудааст. Барои хидматҳои арзандааш бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012) мушарраф гаштааст. Ў муаллифи бештар аз 90 мақолаи илмӣ, аз ҷумла, 2 монография мебошад.