Хоркашов Исломбек Сангакович 24-уми декабри соли 1978 дар деҳаи Рўзвайи ноҳияи Дарвоз, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2000 зинаи бакалавриат ва соли 2002 зинаи магистратураи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рўйи ихтисоси «Молия ва қарз»бо дипломи сурх хатм намудааст. Солҳои 2004-2009 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Пас аз хатми аспирантура соли 2009 рисолаи илмии хешро дар мавзўи «Хусусиятҳои минтақавии амнияти иқтисодии инкишофи сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намуда, ба унвони номзади илмҳои иқтисодӣмушарраф гардидааст. Соли 2012 бошад, тибқи хулосаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия бо назардошти натиҷаҳои назарраси фаъолияти илмӣ дараҷаи илмии «Дотсент»-ро соҳиб шудааст.

   Дар муддати солҳои 2003-2010 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент, муаллими калон, раиси методии кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисод, раиси маҳфили илмии донишҷўёни ҳамин кафедра фаъолият намудааст.
      Аз соли 2010 то соли 2020 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар вазифаҳои мудири кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ, декани факултети хизмати молиявӣ, декани факултети туризм ва хадамоти гумрукӣ, декани факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ кор кардааст.

     Аз соли 2020 инҷониб дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ки ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сойёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикитон мебошад вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияро бар уҳда дорад.

ХОРКАШОВ ИСЛОМБЕК САНГАКОВИЧ

муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

    Фаъолияти илмии Исломбек Сангакович ба омўзиши масъалаҳои сармояи инсонӣ, амнияти иқтисодии инкишофи сармояи инсонӣ, маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ, хусусиятҳои минтақавии инкишофи сармояи инсонӣ, механизмҳои баландбардории таъмини бехатарии иқтисодии сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои сармояи инсонӣ бо назардошти тағйироти демографӣ, таҳсилоти тахас-сусӣ ва таъмини саломатии аҳолӣ равона шудааст.
     Ў муаллифи зиёда аз 80 мақолаи илмӣ, 3 монография, 2 китоби дарсӣ, 3 васоити таълимӣ ва 6 дастури методӣ буда, барои хидматҳои шоён бо унвони «Аълочии маорифи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.