СТРАТЕГИЯИ ТЕЗОНИДАНИ ИНДУСТРИАЛИЗАТСИЯИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
Таҳти чунин унвон санаи 19 январ семинари илмӣ-назариявии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ баргузор гардид.
Мавзуи мазкур аз ҷониби д.и.и., профессор Рауфӣ Абдуғаффор мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
Омӯзгорони донишгоҳ низ роҷеъ ба ҳадафи чоруми миллӣ – Саноатикунонии босуръати мамлакат ва муҳимияти омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни он андешаронӣ намуданд.