09 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 60 нафар намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор қабл аз оғози нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори оммаро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, барои иштирокашон арзи сипос ва миннатдорӣ баён намуданд. Қайд гардид, ки маҳз таваҷҷуҳи хоссаи намояндагони ВАО ба Донишгоҳ имконияти сол ба сол зиёд гардидани дастовардҳои донишгоҳро дар фазои таҳсилоти ватанӣ ва хориҷӣ бештар мегардонад.Дар идомаи гузори хеш ректори донишгоҳ доир ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ, байналмилаливу иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ дар соли 2022 аз паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ёдовар шуда қайд намуданд, ки: “Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”.
Зимнан, ректори донишгоҳ бо дилу нияти неки созанда иброз намуданд, ки барои ҳайати профессорӣ-омӯзгории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, соли 2022 – соли бобарор, хотирмон ва пур аз дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим, таълимӣ-методӣ, илмӣ-инноватсионӣ, равобити байналмилалӣ, ташкилӣ-тарбиявӣ ва хоҷагидорӣ маҳсуб меёбад.
Ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намуданд, ки дастоварди аз ҳама муҳим ва чашмраси коллективи меҳнатӣ дар соли 2022, иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ намудани заҳмату талошҳои коллективи меҳнатӣ, ба Донишгоҳ табдил додани муассиса ва мақоми байналмилалиро касб кардани он ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба тавозуни Донишгоҳ гузаронида шуд. Иқдомоти мазкур ба раёсати Донишгоҳ имкон фароҳам месозад, ки кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода намояд.
Дар баробари ин, ташаббуси дигари раёсати Донишгоҳ дар мавриди ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти бисёрзинагӣ, яъне ташкили коллеҷҳо аз ҷониби Вазорату идораҳо дастгирӣ ёфта, айни ҳол дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Ҳамзамон, ректори донишгоҳ иброз намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои “Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ”, “Иқтисодиёти соҳибкорӣ” ва “Маркетинг” таъсис дода шуд.
Дар баробари ин, қайд карда шуд, ки соли 2022 дар Донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ таъсис ёфт, ки шурӯъ аз соли 2023 фаъолияти кафедраи мазкур оғоз мегардад.
Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои муассиса бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази хизматрасониҳои иттилоотӣ-сайёҳии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳ таъсис дода шуд. Ёдовар мешавем, ки Маркази мазкур бо тамоми таҷҳизоти муосири самти хизматрасониҳои сайёҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ректори донишгоҳ иброз намуданд, ки вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар доираи амалигардонии Стратегияҳои қабулгардида вобаста ба соҳаҳои маориф, саноат ва сайёҳӣ барои давраи то соли 2030, дар ин давра ҷамъи ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ ба 77 адад расонида шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади тақвияти забондонии омӯзгорону донишҷӯён, ба фаъолияти Маркази забономӯзии Донишгоҳ тақвият дода шуда, курсҳои кӯтоҳмуддати ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар курсҳои мазкур айни замон 150 нафар омӯзгор ва 493 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Инчунин, дар соли 2022 омӯзгорони Донишгоҳ пайваста дар тренингҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби “Маркази зеҳни сунъӣ”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносон аз Кореяи Ҷанубӣ доир карда шуданд, иштироки фаъолона намуданд.
Қайд гардид, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ сохтани барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ, коркард ва дар амал татбиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилотии олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ шуруъ гардид. Иқдоми мазкур имкон фароҳам месозад, ки бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти МТОК-и дорои мақоми байналмилалӣ, барномаҳои таҳсилотии муштарак бо шарикони хориҷӣ, табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсилоти дудиплома, таҳсилоти дуалӣ ва амсоли инҳо батадриҷ амалӣ карда шаванд.
Дар соли 2022 дар доираи таҳияи лоиҳаҳаҳои грантӣ ва маблағҳои махсуси Донишгоҳ шумораи компютерҳо ба ҳудуди 1104 адад расонида шуд, ки ба ҳар 3 нафар донишҷӯи таҳсили рӯзона 1 компютер рост меояд.
Зикр гардид, ки раёсати Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо МД “Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барномаи махсуси телевизионии “Мактаби сайёҳӣ”-ро ташкил намуд.
Соли 2022, аз ҷониби кафедраҳои тахассусии донишгоҳ таъсис додани намояндагии онҳо дар ширкатҳо ва ташкилотҳои мухталифи соҳаҳои хизматрасонӣ ва сайёҳӣ шуруъ гардид. Айни ҳол, ин намояндагиҳо дар БДА “Амонатбонк”, меҳмонхонаи “Серена Душанбе”, “Ҳаят-реҷенси Душанбе”, Панҷакент-интур, Расул-тур, Ориент-Адвентур ташкил шуда истодаанд.Ректори донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор бо ифтихормандӣ қайд намуданд, ки ҷиҳати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори соҳа танҳо дар соли 2022 се маротиба олимпиада барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” баргузор карда шуд. Аз ҷумла, рӯзҳои 13-14 майи соли 2022 олимпиадаи мазкур байни донишҷӯёни МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 3 равия; рӯзҳои 23-24 сентябр олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон аз рӯйи 6 фанни таълимӣ; рӯзҳои 11-12 ноябр олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд аз рӯйи 8 фан доир карда шуд. Ғолибон бо “Ҷоми раёсат”, диплом ва маблағҳои ҳавасмандӣ ба ҳар кадоме ба андозаи аз 1000 то 5000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.Қайд карда шуд, ки дар ин давра 9 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар панҷумин олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия баргузор гардид иштирок намуда, 5 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм гардиданд. Ҳамчунин, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, устоди донишгоҳ Дайхудоев Ваҳдат аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди назму наср” соҳиби ҷойи сеюм ва барандаи ҷоизаи озмуни мазкур гардид. Инчунин, дар ин давра, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Маҷидов Ҳамид дар Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Маърифати экологӣ” иштирок намуда, барои силсилаи асару мақолаҳо оид ба ташаккули маърифати экологӣ бо дипломи дараҷаи 3 ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардид. Номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи риёзиёт дар иқтисодиёти Донишгоҳ Хушвахтзода Муҳиддин Бурак бошад дар озмуни шаҳрӣ миёни ҷавонони то 30-сола дар соҳаи илмҳои дақиқ сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва маблағи ҳавасмандӣ сарфароз гардонида шуд.Қайд карда шуд, ки дар ин давра 9 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар панҷумин олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия баргузор гардид иштирок намуда, 5 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм гардиданд. Ҳамчунин, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, устоди донишгоҳ Дайхудоев Ваҳдат аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди назму наср” соҳиби ҷойи сеюм ва барандаи ҷоизаи озмуни мазкур гардид. Инчунин, дар ин давра, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Маҷидов Ҳамид дар Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Маърифати экологӣ” иштирок намуда, барои силсилаи асару мақолаҳо оид ба ташаккули маърифати экологӣ бо дипломи дараҷаи 3 ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардид. Номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи риёзиёт дар иқтисодиёти Донишгоҳ Хушвахтзода Муҳиддин Бурак бошад дар озмуни шаҳрӣ миёни ҷавонони то 30-сола дар соҳаи илмҳои дақиқ сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва маблағи ҳавасмандӣ сарфароз гардонида шуд.
Қайд гардид, ки дар шароити воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарини муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад.
Хотирнишон бояд сохт, ки дар ин давра ба масъалаҳои густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар хориҷи кишвар, муаррифии таҳсилоти олии касбии ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба Донишгоҳ диққати ҷиддӣ дода шуд.
Танҳо дар соли 2022 раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ бо 41 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки ҳамаи шартномаҳои ҳамкории баимзорасида маҳз барои табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон равона гардидааст.
Ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор иброз намуданд, ки дар ин давра ташрифи шарикони хориҷӣ ба Донишгоҳ бамаротиб афзуд. Аз ҷумла: Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ; Намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ; Намояндагони Донишгоҳи Ситии Малайзия; Дабири кулли Муколамаи Ҳамкории Осиё; Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои тиҷоратии Юнон; Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон ва дигарон ба Донишгоҳ ташриф оварданд.
Дар ин давра, 28 нафар омӯзгори Донишгоҳ ҷиҳати гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла: Форуми байналмилалии “Марҳилаи нави ҳамкориҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай: сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ”; Форуми ректорони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ; Форуми ҷавонони Авруосиё; Форуми байналмилалии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Панҷоб, Мумбай, Куала-Лумпур, Тифлис, Маскав, Екатеринбург, Қазон, Алмаато, Тошканд, Самарқанд ва ғайраҳо сафари хориҷӣ анҷом доданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар соли 2022 дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ташрифи 18 нафар олимон-профессорон ба Донишгоҳ сурат гирифт.
Ректори Донишгоҳ иброз намуданд, ки яке аз дастовардҳои муҳиме, ки дар ин давра дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ба даст омадааст, ташкили табодули академии як қатор донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н Гумилев ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон мебошад. Айни замон, барои нимсолаи дуюми соли таҳсил донишҷӯён тибқи барномаҳои табодули академӣ ба хориҷи кишвар давра ба давра сафарбар гардида истодаанд.Қайд карда шуд, ки донишҷӯёни Донишгоҳ барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки баргузории онҳо дар соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия, Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон дар назар аст, омодагӣ дида истодаанд. Ҳамзамон, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни байналмилалие, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар соли 2022 доир ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ эълон гардида буд, ширкати фаъолона намуда истодаанд. Иштирокчиёни озмун донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Озорбойҷон, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркменистон ва Узбекистон буда, маблағи ҳавасмандкунӣ аз 1000 то 5000 доллари ИМА муқаррар карда шудааст.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар ин давра дар Донишгоҳ 2 конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардидани соли 2025 ва масоили мубрами рушди иқтисоди миллӣ бо ҷалби олимону коршиносони хориҷӣ, аз ҷумла, Британияи Кабир, Португалия, Нидерланд, Исроил, Мексика, Малайзия, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи маҷозӣ доир карда шуд.
Зикр шуд, ки муваффақияти дигари муҳиме, ки дар ин давра ба вуқуъ пайваст, ташрифи Дабири кулли Муколамаи Ҳамкории Осиё ба муассиса ва ба узвияти Шабакаи донишгоҳҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё пазируфта шудани Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Дар соли 2022 машғулиятҳои онлайнии профессорони хориҷӣ аз Донишгоҳи Бредаи Нидерланд, Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия, Донишгоҳи иқтисодиёт, молия ва савдои байналмилалии Қазоқистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон ташкил карда шуданд. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки чунин машғулиятҳоро дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 боз ҳам бештар намояд.
Қайд када шуд, ки барои дарёфти грантҳо тавассути маблағгузории Бонки Осиёии Рушд ва Бонки умумиҷаҳонӣ барои баргузории форумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Форуми байналмилалии сайёҳӣ “Тоҷикистон – 2023” ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ “Тоҷикистон – гавҳари кашфношуда дар самои сайёҳӣ”, инчунин мустаҳкамсозии пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таълим корҳои муайяне сурат гирифта истодаанд.
Вобаста ба самти фаъолияти хоҷагидорӣ ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор зикр намуданд, ки дар ҳамин давра, сохтмони бинои 8 ошёнаи Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳ дар Донишгоҳ шуруъ гардида, барои бунёди муассисаи томактабии бачагона дар ҳудуди қитъаи замини Донишгоҳ корҳои омодагиву ташкилӣ ҷараён доранд. Инчунин, сохтмони бинои 7-ошёнаи филиали Донишгоҳ дар вилояти Хатлон дар ошёнаи 4-ум бомаром идома дорад.
Филиали донишгоҳ дар вилояти Суғд, ки соли 2021 таъсис дода шуда буд, фаъолиятҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявиро тибқи талаботи мавҷуда ба роҳ мондааст.
Раёсати Донишгоҳ бо дарназардошти таваҷҷуҳи довталабон ба филиали муассиса ва мустаҳкам гардидани пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таълим шумораи ихтисосҳо ва нақшаи қабулро барои соли таҳсили 2022-2023 зиёд намуд.
Ҳамин тавр, дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи донишҷӯён ба 483 нафар расонида шуд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 291 нафар зиёд мебошад.
Ҳайати омӯзгорону кормандони Филиали донишгоҳ дар ҳолати имрӯза 41 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 нафар зиёд мебошад.
Филиали Донишгоҳ дар вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт таъсис дода шуда, айни замон дар филиал 13 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, дар филиал машғулиятҳои омӯзгорони Донишгоҳ аз ҳисоби профессорону дотсентон дар шакли усули силсилавӣ (сиклӣ) доир карда мешавад.
Бо ибтикори раёсати Донишгоҳ филиал бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, инчунин таҷҳизоти вобаста ба самти сайёҳӣ пурра таъмин карда шудааст.
Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанди ДБССТ фаъолияти худро дар доираи Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ намуда истодааст. Дар Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд 17 гурӯҳи таълимӣ аз рӯйи 8 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Литсей дорои як бинои таълимии чорошёна буда, аз 17 кабинети фаннӣ, 9 адад устохонаи таълимӣ ва 1 адад озмоишгоҳ иборат аст. Литсей бо воситаҳои зарурии таълимӣ, заминаи моддӣ-техникӣ, компютерҳои замонавӣ пайваст ба шабакаи интернет, 7 адад проектор ва 4 адад тахтаи электронӣ, принтер ва сканер, маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст, намоишгоҳи ҳунарҳои хонандагон ва ошхона таъмин аст.
Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳ низ фаъолияти худро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, мутахассисонро аз рӯйи 10 ихтисос омода менамояд. Имрӯз дар Литсей 31 нафар омӯзгорони доимӣ фаъолият намуда, 231 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
“Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант”-и Донишгоҳ дорои се бинои таълимӣ буда, аз 23 синфхона, 10 устохона, 1 толори маҷлисгоҳ, 1 толори варзишӣ, 47 адад компютер, 10 адад ноутбук, 9 доскаи электронӣ, 12 адад проектор, 13 адад принтер ва 2 адад нақлиёти мусофиркаш иборат мебошад.
Соли 2022 дар Литсейи донишгоҳ 645 нафар хонандагон таҳсил намуда истодаанд, ки 244 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар умум дар соли ҳисоботӣ дар литсей 30 синф фаъолият намуд. Дар соли 2022 дар баробари синфҳои таҳсилашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, инчунин як синфи 1-уми таҳсилаш бо забони англисӣ таъсис дода шуд.
Дар соли таҳсили 2022-2023 дар литсейи донишгоҳ 6 нафар хонандагон гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гирандагони Стипендияи Президентӣ 5 нафар зиёд гардидааст.
Ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор дар охири гузориши хеш зикр намуданд, ки натиҷаҳо дар давраи ҳисоботӣ назаррасанд, вале ҷиҳати тақвияти минбаъдаи фаъолияти Донишгоҳ тибқи Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва воҳидҳои сохториро зарур аст, ки дар самтҳои мухталиф корро боз ҳам ҷоннок намоянд.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба масоили омодасозии мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои сершумори хеш аз масъулини сохторҳои таркибии донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.