15 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” баргузор гардида, ғолибон муайян гардиданд.
     Зимни ифтитоҳи Озмуни мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Хоркашов И.С. аз ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дарҷ гардидаанд, зери сарпарастии Пешвои муаззами миллат бахшида ба 115-солагии ин абармарди тоҷик соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” эълон гардид.

Қайд карда шуд, ки донистани таърихи пурғановати халқи тоҷик тавассути мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” барои ҳар шахси инсондӯсту ватанпараст мояи ифтихор аст.
      Дар идомаи баромади хеш муовини ректор иброз намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Озмуни мазкур раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳанӯз аз аввали эълони ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” дар соли 2023 корро оғоз намуда буд.
    Зикр гардид, ки Озмуни болозикр фарогири тамоми омӯзгорон, докторантон, магистрантон, донишҷӯён ва хонандагони Донишгоҳ ва филиалу литсейҳои он дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.
      Раванди баргузории озмун, тибқи Низомнома дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ “Дар бораи таъсиси комиссияи озмунии дохилидонишгоҳӣ” сурат мегирад.
     Ёдовар шудан бамаврид аст, ки даври интихобии иштирокчиёни озмун дар сатҳи факултетҳо бо фарогирии 486 нафар донишҷӯён сурат гирифта, ба даври донишгоҳӣ 192 нафар донишҷӯён роҳхат гирифтанд.
    Ҳамзамон, имтиёзҳои муқаррарнамудаи роҳбарияти Донишгоҳ барои ғолибони давраҳои алоҳидаи озмун, аз ҷониби муовини ректор шарҳ дода шуд.
     Сипас, донишҷӯён тибқи рӯйхат дар назди Комиссияи озмунӣ дар доираи саволномаи дар замимаи Низомнома дарҷгардида, маҳорату қобилияти худро нишон доданд.

    Вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” ғолибон муайян гардиданд, ки дар чорабинии тантанавии Донишгоҳ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои наздик баргузор мегардад, қадрдонӣ мегарданд.
      Ҳамзамон, ғолибони даври донишгоҳӣ барои иштирок дар даври ноҳиявии озмун пешниҳод карда мешаванд.