РАЁСАТИ ТАЪЛИМ

        Фаъолияти раёсати таълими «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои ташкили бонизоми раванди таълим бо мақсади таъмини омодасозии мутахассисони баландихтисосу навовар дар зинаҳои бакалавр ва магистр, инчунин таъмини иҷроиши талаботи стандартҳои таҳсилотӣ, мутамарказонии корҳои таълимӣ ва ташкилию методии ҳайати илмӣ-омўзгории донишгоҳ равона гардидааст.

                                    МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ РАЁСАТИ ТАЪЛИМ:

  • назорат ва идоракунии сифати барномаҳои таълимӣ (мутамарказонидани корҳои вобаста ба таҳияи нақшаҳои нави таълимии таҳсилоти олии касбии шаклҳои таҳсили рўзона ва фосилавӣ, назорати мутобиқати нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои кории фанҳои таълимӣ бо стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳо оид ба иҷозатномагирӣ ва аккредитатьсияи давлатии барномаҳои таҳсилотӣ);
  • назорат ва идоракунии сифати ташкили раванди таълим (мутамарказонии кори деканатҳои факултетҳо ва кафедраҳо оид ташкил, банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳои таҳсилоти олии касбии шакли таҳсилоти рўзона ва фосилавӣ; назорати ҷадвали раванди таълим ва иҷроиши нақшаҳои таълимӣ; истифодаи мақсадноки фонди аудиторӣ, банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомўзии донишҷўён, кори деканати факултетҳо оид ба таҳияи фармоишҳо оид ба ҳаракати контингенти донишҷўён; омодасозии ҳуҷҷатҳо барои таъини стипендияҳои номӣ ба донишҷўён, таъмини зерсохторҳо бо бланкаи ҳуҷҷатҳо);
  • назорат ва идоракунии сифати кори ҳайати илмӣ-омўзгорӣ (назорати сарбории таълимии ҳайати илмӣ-омўзгории кафедраҳо, омодасозии мавод оид ба ҳисоби воҳидҳои кории ҳайати илмӣ-омўзгорӣ, мавод барои тасдиқи раисони АДХ ва фармоишҳо оид ба ҳайати АДХ; назорати такмили ихтисоси ҳайати илмӣ-омўзгорӣ);
  • назорат ва идоракунии сифати таҳсилот (дар якчоягӣ бо факултетҳо,  кафедраҳо ва маркази бақайдгирӣ ва тестӣ баргузор намудани мониторинги сатҳи дарсазхудкунии донишҷўён, пешниҳоди маълумот барои мониторинги фаъолият (рейтинги мактабҳои олӣ), иштирок дар ташкил ва баргузории конфронсҳои методии донишгоҳ, омодасозии ҷаласаҳои Шўрои илмӣ-методӣ).
ЗЕРСОХТОРҲОИ РАЁСАТИ ТАЪЛИМ
  • Бахши идоракунии сифати таҳсилот; 
  • Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ; 
  • Бахши таҷрибаомўзӣ ва пайгирии хатмкунандагон; 
  • Бахши омор.
КОРМАНДОН

  • Муовини сардори раёсати таълим 
  • Ҷалилов Ромиш Рустамович;
  • Сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот 
  • Имомов  Муродалӣ;
  • Мудири бахши бақайдгирӣ ва тестӣ
  • Суфиев Довуд;
  • Сардори бахши таҷрибаомўзӣ ва пайгирии хатмкунандагон
  • Файзов Нарзулло;
  • Сардори бахши омор 
  • Абдиев Ҷамшед;
  • Танзимгари ҷадвали дарсҳо 
  •  Саидов Сомонҷон Саидаҳмадович;
  • Танзимгари ҷадвали дарсҳо 
  • Алиев Довуд Шоҳназарович

Қодиров Фазлиддин Садриддинович

сардори раёсати таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Тел:(+992) 93 411 96 42 , 888 33 777 2 E-mail: Edelviz-07@mail.ru