ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

    Бо назардошти муҳимияти фаъолият дар ин самт ва бо мақсади ташкили назорат, таҳлил ва муайян намудани дурнамои беҳдошти сифати тайёр кардани мутахассисон дар сохтори таркибии қисми таълими донишкада бо фармони ректори донишкада (таҳти №432/И аз 12.11.2007) шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот таъсис ёфтааст.
     Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот аз санаи 16.04.2020  ба бахши идоракунии сифати таҳсилот табдил дода шуда, ба сохтори таркибии раёсати таълими донишгоҳ дохил карда шудааст. Бахши идоракунии сифати таҳсилот ҷиҳати амалисозии “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикисон” (бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2013, № 497 тасдиқ шудааст) нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, фаъолияташро тибқи он ба роҳ мондааст.

             ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАХШИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ:

  • ташкили фаъолият доир ба таъминоти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва низомномаҳо;
  • таҳлили таъминоти фанҳои таълимӣ бо комплексҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ;
  • мураттабсозии нақшаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат оид ба омодасозӣ ва нашри васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ;
  • ҷамъбаст ва дастраси ҳамагон намудани таҷрибаи пешқадами шаклҳои навини таълим;
  • ташкил ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-методӣ доир ба масоили мубрами таҳсилот
  • назорат аз болои сифати васоити таълимии нашршаванда ва корҳои илмӣ-методӣ;
  • таҳлили таъминоти фанҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ;
  • баҳодиҳӣ ба сатҳи истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар раванди таълим;
  • гузаронидани мониторингҳо оид ба муайян кардани сатҳи дониши донишҷӯён;
  • муайян намудани ҳолати таълими фанҳои алоҳида.

Имомов Муродалӣ Қурбонмаҳмадович

сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в., дотсент Тел:(+992) 931444340 E-mail:Imomov_m_88@mail.ru

                  ҲАЙАТИ ФАЪОЛИЯТКУНАНДАИ СОХТОРИИ БАХШ
Сардори бахш: Имомов Муродалӣ Қурбонмаҳмадович, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в., дотсент;
Сармутахассиси бахш: Дайхудоев Ваҳдат, устоди калон;
            Коршиносон:

  1. Расулов Сафомуддин Ғозиевич, устоди калони кафедраи системаҳо ва технологияҳои информатсионӣ;
  2. Орипов Амитабх Султонович, устоди калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ;
  3. Ҷурахонова Сурайё Қудратовна, устоди калони кафедраи забонҳои хориҷӣ;